Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо…

406

Роҳбарони фарзонаи ду кишвари баҳам дӯсту бародар Тоҷикистону Ӯзбекистон заминаи мусоид фароҳам оварданд, ки дӯстии ин ду миллат аз нав густариш ёбад. Бардоштани монеаҳо ва аз нав барқарор кардани рафту омоди озодонаи шаҳрвандан ба ҳарду ҷониб имкон медиҳад, ки тоҷикону ӯзбекон ду миллати ба ҳам дӯсту бародар, ки аз дуриҳои таърих расму ойин ва анъанаҳои муштарак доштанд боз муносибатҳои худро қавитар гардонанд.
Имрӯзҳо рафту омоди шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон бо майлу хоҳиши онҳо озодона сурат мегирад. Ҳукумати ҳарду ҷумҳурӣ шароит фароҳам овардаанд, ки муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ байни ду миллат рушд намояд. Қавитар гаштани дӯстии ду миллат то андозае ба шаҳрвандони ҳарду кишвар вобастагӣ дорад. Пеш аз ҳама риояи қонунҳои амалкунандаи давлатҳо ва эҳтиром ба расму оин ва урфу одати миллатҳо ҳангоми сафар ба ҷонибҳо заминаи воқеии таҳкими дӯстиро мегузорад. Бо ҳамин мақсад кормандони МКД дар назди гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба шаҳрвандони азми сафар дошта суҳбатҳои тавсиявӣ мегузаронанд, ки ба мақсад мувофиқ аст.

407

Бозрасии давлатии автомобилӣ яке аз сохторҳои таркибии ВКД аст, ки хизмати берунаро ба уҳда дошта кормандони он нисбат ба дигар хадамотҳои мақомот аз ҳама бештар бо шаҳрвандон рӯ ба рӯ мешаванд. Бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба шаҳрвандони азми сафар дошта аз ҷониби ин бахши мақомоти корҳои дохилӣ ҳадафрас аст. Ҳамингуна як хизматбарии масъулини бозрасии давлатии автомобилӣ дар гузаргоҳи Патари шаҳри Конибодоми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст, ба роҳ монда шудааст. Ҳамарӯза нозирони БДА ба ин минтақа сафарбар гардида шаҳрвандонро, ки аз барқароршавии муносибатҳои ду ҳамсоякишвар Тоҷикистону Ӯзбекистон хушҳол ҳастанд ба риояи қонун ва маданиятнокӣ ҳангоми қарор доштан дар хориҷи кишвар дастур медиҳанд.
Акбар Шарифов, капитани милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика